Ғаффор Мирзоев, ки соли 2006-ум маҳкум гардида буд, шарҳи ҳукми нисбат ба ӯ содиршударо талаб дорад.
Оишамоҳ Мирзоева, хоҳари собиқ роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки Ғаффор Мирзоев ҷиҳати бознигарии парвандааш ташкили комиссияи махусус дар ҳайати намояндагони суд, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти марбутаро талаб хоҳад кард.
«Ман рӯзи 5-уми октябр бародарамро дидам. Ӯ гуфт, ки бо чанд моддаи ҳукми суд розӣ нест. Ба ин хотир, ба Суди конститутсионӣ, Маҷлиси олӣ, Суди олӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, то дар ҳукми судаш таҷдиди назар шавад. Вале азбаски посухи муфассал ва асоснок ироа нагаштааст, Ғаффор хоҳиш кард, комиссияи махсус ташкил карда шавад», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ бародараш иброз доштааст, ки агар ин комиссия ҳам ба дархости ӯ расидагӣ накунаду дар муддати як моҳ бо ӯ сӯҳбат накунад, вай ба гуруснанишинӣ даст хоҳад зад.
«Мо ҳама умед доштем, ки бо қабули қонуни афв бародари маро афв мекунанд, вале ин тавр нашуд. Вале бо назардошти хизматҳои ӯ ба ватан, ин корро кардан мумкин буд», - гуфт О.Мирзоева.
Ёдрас мекунем, ки собиқ фармондеҳи Горди президентӣ ба нақзи 30 моддаи Кодекси ҷиноятӣ айбдор гардид ва ба ҳабси абад маҳкум шуд. Ҳамроҳи Ғаффор Мирзоев 15 нафар афсари дигари Горд низ ба муддатҳои гуногун зиндонӣ гардиданд, ки дар миёни онҳо чанд нафар пайвандонаш низ буданд. Соле қабл бародараш Абдурасул Мирзоев аз Аморати Муттаҳидаи Араб оварда шуда, ба мӯҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Баъдтар ӯ ҳамроҳи 25 нафар аз боздошгоҳи муваққатӣ моҳи августи соли гузашта фирор кард, вале баъд ба даст афтид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста