Дар ноҳияи Исфара кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон (АНМН) дар вилояти Суғд шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонро бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарнозири шӯъбаи робитаҳо бо ҷомеаи АНМН майор Бобоҷон Шафиев хабар дод, аз боздоштшуда ба миқдори зиёда аз 20 кило маводи мухаддири навъи героин дарёфт ва мусодира гардидааст, ки ӯ ният дошт ба Қирғизистон ва сипас ба дигар кишварҳои узви ИДМ интиқол диҳад.
Амалиёти мазкури кормандони Агентии назорати аводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд доир гардида, айни замон ҷиҳати пайдо кардани сарчашмаҳои ба дасти шаҳранди Қирғизистон расидани ин миқдор маводи мухаддир тадбирҳо андешида мешаванд.
Бино ба иттилои манбаъ, қимати ин миқдор маводи мухаддир дар «бозори сиёҳ» 120 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 3529 кило маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст, ки ҳудуди 437,5 килояшро маводи сахттаъсири героин ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста