Мудири дорухонаи яке аз қисмҳои низомии вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА бо далели шайъӣ боздошт гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-плюс» аз Раёсати умури дохилии вилоят хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан аз номи сокини ҳамин шаҳр Ш.З. ариза ворид гардидааст. «Дар ариза зикр шудааст, ки мудири дорухонаи қисми низомии 2042-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ прапоршик Р.Г. ваъда додааст, ки ба ивази 2 ҳазор доллари ИМА ба сокини 21-солаи шаҳри Истаравшан билети ҳарбӣ гирифта медиҳад», - гуфтанд дар РКД.
Ҳангоми гирифтани маблағи пулӣ гумонбаршуда боздошт гардида, далели шайъӣ мусодира гардид. Нисбат ба мудири дорухона аз ҷониби прокуратураи гарнизони вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста