Сокини Суғд барои қатли бераҳмонаи духтари ноболиғаш ба 18,5 соли зиндон маҳкум гардида, бо истифода аз қонуни афв ин мӯҳлат ду сол кам карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» додситони мақомоти додситонии вилояти Суғд Фирдавс Ҳаётов хабар дод, додгоҳ парвандаи ҷиноии мазкурро баррасӣ намуда, сокини 46-солаи ҷамоати Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ Султон Саидовро дар содир намудани ҷиноят тибқи аломатҳои моддаи 104, қ.2 и КҶ ҶТ (бо бераҳмии махсус куштани баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст) муттаҳам донист.
Ба гуфтаи додситон, С. Саидов қаблан барои дуздӣ маҳкум гардида, моҳи июли соли равон аз маҳбас озод шудааст. Пас аз озодӣ ӯ баҳри кор дар бозор ба шаҳри Хуҷанд меравад. «Боре ҳамсараш ба ӯ занг зада, мегӯяд, ки шахсони номаълум духтари 15-солаи онҳоро ба автомашина шинонида, ба ҷое бурдаанд», - мегӯяд додситон.
Додситон дар идома гуфт, С.Саидов ба хона омада, огаҳ мегардад, ки духтараш бо хоҳишу иродаи худ ба автомашина нишаста, то деҳаи ҳамсоя рафтааст. Вале ин ӯро ором насохтааст. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ Саидов эътироф кардааст, ки бо ин рафтор духтараш дар назди ҳамдеҳагон обрӯи ӯро рехтааст ва ӯ тасмим гирифтааст, ки ӯро мекушад.
«Бо ин мақсад ӯ табари хоҷагиро гирифта, дар назди ҳамсараш ба сару рӯйи духтараш якчанд маротиба зарба мезанад. Чун мебинад, ки ӯ ҳоло ҳам зинда аст, қайчиро гирифта, бо як бераҳмии махсус якчанд маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи фарзандаш зарба мезанад. Духтари нобилиғ пас аз ин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», - афзуд Ф. Ҳаётов.
Мӯҳлати ҷазоро маҳкумшуда дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард.
Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 33 ҳодисаи одамкушӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 37 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста