Се нафар сокинони вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди вилоятии Суғд, раиси мурофиаи судии мазкур Анвар Темуров хабар дод, суд Акбар Ниёзови 29-сола, Ҷамшед Мӯсоеви 30-сола ва Хайрулло Шукруллои 20-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 187, қ. 2-и КҶ ҶТ (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) гунаҳкор донист.
Суд Акбар Ниёзов ва Ҷамшед Мӯсоевро ба мӯҳлати 9 сол ва Хайруллои Шукруллоро ба муддати 8 сол бо мусодираи амвол аз озодӣ маҳрум кард. Онҳо мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳанд кард.
Ба гуфтаи судя, онҳо солҳои 2006-2007 ихтиёрӣ ба шӯъбаи истаравшании Ҳаракати исломии Ӯзбекистон шомил гардида, саривақт ҳаққи аъзогӣ месупоридаанд. Онҳо моҳи июли соли 2011 аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан боздошт шуда, ба Кумитаи давлати амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд супурда шуданд.
Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 33 нафар аъзои ҲИӮ ва 7 тан узви ҳизби ифротгарои «Ҳизб-ут Таҳрир» боздошт шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста