Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир донишҷӯйи соли 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Б.Ҷ.-и 23-сола боздошт шуд. «Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда аз ӯ ба миқдори 862 грамм маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира гардид», - гуфтанд дар вазорат.
Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон дар қаламрави кишвар аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беш аз 1,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста