Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД-и ҷумҳурӣ зимни як амалиёт беш аз 90 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати мазкур Мансур Бухориев хабар дод, кормандони раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи милисаи таъиноти махсус (ОМОН)-и ин вилоят дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод ба гумони даст доштандар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 25-солаи ноҳияи Восеъ Р.Н.-ро боздошт кардаанд. «Ҳангоми кофтуков аз ӯ 6 бастаи полиэтилении дорои маводи мухаддири гурӯҳи каннабис дарёфт шуд, ки вазни умумии он 90 килову 70 граммро ташкил дод», - гуфт ӯ.
Ба қавли номбурда, айни замон ҷиҳати муайян кардан ва боздошти афроди дигари дар ин ҷиноят дастдошта чораҳо андешида мешаванд.
Дар идома Бухориев изҳор кард, ки ғайр аз ин, ахири ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Варзоб кормандони раёсат сокини 19-солаи шаҳри Душанбе Х.А.-ро низ ба гумони машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардаанд. «Ҳангоми кофтукови шахсии Х.А. аз ӯ 149 капсулаи дорои 958 грамм маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира гардид», - гуфт вай.
Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон аз ҷониби кормандони тамоми воҳидҳои вазорат аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 843 кило маводи мухаддирро мусодира карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста