Суди иқтисодии вилояти Суғд даъвои Бонки аврупоии таҷдиду рушд нисбат ба се корхонаи саноатӣ оид ба баргардонидани қарз др ҳаҷми 1 млн. 119 ҳазор доллар ИМА-ро қонеъ сохт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Мавҷуда Шарифова хабар дод, дар аризаи даъвогӣ, ки БАТР моҳи апрели соли равон ба суд пешниҳод кард, зикр мегардад, ки моҳи котябри соли 2007 ва моҳи майи соли 2009 бонк ба ҶСК «Лаъл» (Хуҷанд) ду маротиба мутаносибан дар ҳаҷми 2,1 ва 1 млн. доллари ИМА қарз додааст. Қарзи аввал барои харидориву насби таҷҳизот барои истеҳсоли зарфҳои шишагӣ, беҳбуди ниоми таъминот бо барқ, бозтавили қарз дар назди ҶСК «Эсхата», таҷдиди истеҳсолоти асосӣва қарзи дуввум баҳри эҳтиёҷоти сармояи гардишӣ равона гардида буд. Зимни гирифтани қарз амволи ҶСК «Лаъл» ба гарав гузошта шуда, қарзгирандf ба саривақт баргардонидани қарз ва пардохти фоизҳо ӯҳдадор гардида буд. Аммо ӯҳдадориҳои шартномавӣ ба таври пурра иҷро нашуданд.
Аз ин рӯ, даъвогар аз суд дархост кард, ки аз ҷавобгар дар ҳаҷми 1 млн. 119 ҳазор доллари ИМА маблағ рӯёнида шавад. Ғайр аз ин, БАТР дар аризаи даъвогӣ дархост намуд, ки ҶСК «Конибодом» ва ҶСП «Заводи консервбарории ба номи Ҳасанов» (Исфара) шарикони масъул шуморида шаванд.
«Суд тамоми ҳолатҳои марбут ба даъворо баррасӣ карда, дар бораи пурра қонеъ сохтани даъвои БАТР ва аз ҳисоби воситаҳои гарави ҶСК «Лаъл» рӯёнидани маблағи дар боло зикршуда ҳукм содир намуд. Агар ин воситаҳо кифоя накунанд, қисмате аз ин воситаҳо аз шарикони масъул рӯёнида мешавад. Ҷавобгар далелҳои даъвогаррро асоснок эътироф кард. Сабаби барнагрдонидани қарзро ӯ ба ноқисиву камбудиҳо дар амалисозии нақшаи тиҷоратӣ нисбат дод. Ба ҷавобгар муяссар нашудааст, ки ба пешравии истеҳсолот ноил гардад ва аз ин рӯ, дар суратҳисоб барои пардохти маблағи қарз пул боқӣ намондааст», - афзуд Шарифова.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста