Дар ҷараёни баррасии парвандаи халабонон – шаҳрвандони Русия Владимир Садовничий ва Эстония Алексей Руденко аз ҷониби Ҳайати мушовараи додгоҳи вилояти Хатлон намояндаи мақомоти додситонии вилоят барои халабонон ҳукми маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати 2 солу 6 моҳу 14 рӯзро дархост кард. Ва бо назардошти истифодаи қонуни афв нисбат ба онҳо ва муддати зиёда аз 6 моҳ дар маҳбас қарор доштанашон, аз толори додгоҳ озод кардани онҳоро дархост намуд.
Айни замон Ҳайати мушовраи додгоҳи вилояти Хатлон оид ба парвандаҳои ҷиноӣ ба утоқи машварат хориҷ шуд. Қарор дар нимаи дуюми рӯз эълон хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.
Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста