Суди олии Тоҷикистон ҳукм нисбат ба хабарнигори осиёимиёнагии хабаргузории Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмоновро, ки аз ҷониби суди вилояти Суғд содир шуда буд, бетағйир боқӣ гузошт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баррасии шикояти кассатсионии журналист суд ба хулосае расид, ки ҳукми аз ҷониби зинаи поёнӣ содиршуда боадолатона аст.
Ёдрас мекунем, ки Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори осиёимиёнагии Би-Би-Си дар таърихи 14-уми октябри соли равон дар хабар надодан ба мақомот дар бораи содир шудани ҷиноят айбдор дониста шуда, ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Бо истифодаи қонуни афв ӯ аз толори додгоҳ озод карда шуд.
Ӯрунбой Усмонов он замон изҳор карда буд, ки худро гунаҳкор намешуморад. «Дар ҷараёни мурофиаи судӣ робитаи ман ба фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» исбот нашуд ва он айбномаҳое, ки тафтишот ба ман пешниҳод карда буд, низ тасдиқи худро наёфтанд», - гуфта буд рӯзноманигор зимни мурофиаи судӣ.
Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ боздошт шуда буд. Пас аз як моҳ ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда шуд.
Пас аз эълони ҳукм роҳбари барнмаи умумиҷаҳонии Би-Би-Сӣ Питер Хорокс изҳор кард, ки корпоратсия кӯшишоти худро ҷиҳати барқарор сохтани шаъну шарафи рӯзноманигори худ идома хоҳад дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста