Кормандони ниҳодҳои интизомии ҷумҳурӣ фаъолияти боз як тарёкхонаро қатъ карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ сокини 31-солаи шаҳри Душанбе А.С. боздошт шуд, ки дар манзили зисташ воқеъ дар канори шаҳри Душанбе нашъамандонро қабул кардаву ба онҳо маводи мухаддир мефурӯхтааст. «Ҳангоми боздошт дар манзили зисти ӯ шаш нафар, аз ҷумла ду нафар занон ҳузур доштанд, ки қаблан маҳкум шуда буданд. Ҳамаи онҳо аз истеъмоли маводи мухаддир дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд», - гуфтанд дар вазорат.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови манзили зист аз он ҷо чор адад сӯзандору бо боқимондаҳои маводи мухаддири навъи сахттаъсири героин дарёфт шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба соҳибхона, ки дар манзилаш тарёкхона ташкил кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, айни замон дар дармонгоҳи табобати бемории нашъамандӣ расман 6,7 ҳазор нафар мубталоёни бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста