Парвандаи ҷиноӣ оид ба далели марги корманди БДА-и пойтахт Равшан Шарифов, ки бар асари латукӯби бераҳмона ба ҳалокат расид, ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» падари нозири фавтида Шодӣ Шарифов хабар дод, бо анҷоми дубора бозрасӣ намудани парванда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ хулосаи айбнома содир гардидааст. Мувофиқи хулосаи мазкур, Одинаев Озодбек ва Мирҷонов Саидмухтор дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 237, қ. 2, б. «б», «в», «г» (Авбошӣ), 32, қ.3 – 320 қ. 2 (Суиқасд ба додани пора), 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) ва 108, қ. 1 (Ба марг расонидан аз беэҳтиётӣ) айбдор карда мешаванд.
Аммо адвокати ҷониби ҷабрдида Ҳомид Маъмуров мегӯяд, айбҳои ба гумонбаршудагон пешниҳодшуда аз ҷониби тафтишот саҳеҳ нестанд.
«Далелу мақсад ва сабабҳои ҷинояти мазкур ҳамаҷониба, пурра ва ба таври объективӣ омӯхта нашудаанд. Ман чунин мешуморам, ки моддаи 108 ба ҷинояти содиршуда мувофиқ нест. Ҷинояти содиршуда аз ҷониби О.Одинаев ва С.Мирҷонов ба моддаи 103, қ. 3, б. «в»-и КҶ ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрида шудааст) мутобиқат мекунад», - қайд кард Маъмуров.
Ёдрас мекунем, ки ҳодисаи мазкур моҳи апрели соли равон ба вуқӯъ пайваст. Дар шаҳри Душанбе нозири БДА аз ҷониби ду нафар ҷавон мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Нозир автомашинаи онҳоро барои вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ боздошта буд.
Мирҷонови 30-сола ва Одинаеви 26-сола дар автомашинаи тамғаи «Мерседес» (9889 РТ01) ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Қарабоев ба дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ роҳ дода, дар чорроҳаи кӯчаҳои Қарабоев ва Шестопалов ба ранги сурхи светофор автомашинаро манъ намекунанд. Нозири БДА Равшан Шарифов автомашинаи онҳоро манъ намуда, ба тартиб додани протокол дар бораи қонуншикании маъмурӣ шурӯъ мекунад. Ин ҳангом ронанда ва мусофири он аз автомашина пиёда шуда, миёни нозир ва онҳо ҷанҷол сар мезанад. Пас аз ин онҳо ба латукӯби нозир оғоз мекунанд. Дар натиҷа нозири БДА бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста