Дар шаҳри Душанбе ба гумони узвият дар ҳизби экстремистии фаъолияташ мамнӯъ эълоншудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» панҷ нафар боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти интизомии кишвар хабар доданд, синнусоли боздоштшудагон аз 30 то 38-соларо ташкил дода, яке аз онҳо қаблан барои даъватҳои оммавӣ ҷиҳати роҳандозии фаъолияти ифротгароӣ маҳкум шудааст.
«Ба ном «ситод»-и онҳо дар яке аз манзилҳои зист дар кӯчаи Неъмат Қарабоев воқеъ буд, - гуфт манбаъ. – Маҳз аз ҳамин манзил ҳудуди 100 нусха китобу беш аз 200 адад варақаҳои дорои мазмуну мундариҷаи ифротгароӣ, ноутбук бо флеш кортҳо ва ҳамчунин 116 адад дискҳои таблиғоти фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» дарёфт ва мусодира карда шуд».
Нисбат ба боздоштшудагон барои ташкили ҷамъияти ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти дахлдор ҷараён дорад.
Созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» соли 1953 дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти он дар аксари кишвархои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон манъ карда шудааст. Мақсади созмони мазкур ташкили халифати ягона дар кишварҳои мусулмонӣ аст.
Дар муддати 10 соли мамнӯъ эълон кардани фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар Тоҷикистон садҳо фаъолони ин ҳаракати ифротгароӣ маҳкум карда шуданд. Танҳо дар соли 2010 дар вилояти Суғд оид ба далелҳои узвият дар сафи созмонҳои фаъолитяташон мамнӯъи ифротгароӣ ҳудуди 100 парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки 42-тои он ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» марбутанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста