Ҳайати мушовараи кассатсионии Суди олии ҶТ ҳукми содиршуда нисбат ба Музаффар Давлатов, падари яке аз собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ)-ро бетағйир боқӣ гузошт.
Музаффар Давлатови 73-сола моҳи январи соли гузашта ба гумони даст доштан дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки ӯро писараш сарварӣ мекард, боздошт шуда буд. Моҳи ноябри соли гузашта ӯ ба ин амал айбдор дониста шуда, ба муҳлати 7 соли зиндон маҳкум гардид.
«Маҳкумшуда ва вакили мудофеи ӯ ба ҳукми суд розӣ нашуда, ба таври кассатсионӣ нисбат ба он эътироз оварданд. Аммо бо таъиноти ҳайати мушовараи судии Суди олӣ ҳукми суд бетағйир боқӣ гузошта шуда, шикояти кассатсионии маҳкумшуда қонеъ карда нашуд», - гуфт манбаъ.
Писари М.Давлатов – Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алӣ Бедакӣ, соли гузашта ҳамроҳи гурӯҳи начандон зиёди ҳаммаслаконаш дар натиҷаи баргузор намудани амалиёти бузургмиқёси хадамоти махсуси ҷумҳурӣ дар водии Рашт кушта шуд.
Ин амалиёт пас аз дар дараи Камароб ба қатораи автомашинаҳои Вазорати мудофиа ҳамлаи мусаллаҳона кардани гурӯҳи мусаллаҳи Алӣ Бедакӣ сурат гирифт. Он замон 28 нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ҳалокат расида буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста