Дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гумонбари навбатӣ ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ дастгир шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар канори шаҳри Душанбе Х.М.-и 31-сола боздошт шуда, зимни кофтукови шахсии ӯ 1 килову 830 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки чанд рӯз қабл ҳангоми хариди санҷишии доиргардида аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор аз боздоштшуда 3 килову 892 грамм ҳашиш харида шудааст. Ҳамин тариқ, вазни умумии маводи мухаддири аз ӯ мусодирашуда 5 килову 722 граммро ташкил медиҳад.
«Ғайр аз ин, худи ҳамон рӯз дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Д.О.-и 19-сола боздошт шудааст.
«Боздоштшуда тавассути дар дохили меъда ҷой додани маводи мухаддир ният доштааст, ки онро ба яке аз шаҳрҳои Русия интиқол диҳад. Аз боздоштшуда якчанд ғилофакҳои дорои маводи мухаддир мусодира шуданд, ки вазни умумиашон 635 граммро ташкил медиҳад», - гуфтанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Аз рӯйи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста