Дар вилояти Суғд бо як миқдор маводи мухаддири ҳашиш донишҷӯи яке аз мактабҳои олии вилоят боздошт гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни баргузории амалиёт аз ҷониби кормандони Шӯъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири РКД дар кӯчаи Энгелси шаҳри Чкаловск автомашинаи таҳти идораи сокини 22-солаи Хуҷанд, донишҷӯйи яке аз мактабҳои олии вилоят М.М. боздошт мегардад.
Дар ҷараёни азназаргузаронии автомашина аз бордони он бастаи полиэтиление дарёфт мегардад, ки дар дохили он 3,8 кило маводи мухаддири ҳашиш мавҷуд буд.
Аз рӯйи ин далел нисбат ба М.М. парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Бино ба маълумоти Раёсати АНМН вилояти Суғд, соли гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 575 кило маводи нашъаоварро мусодира намуданд, ки 133 килои он героин мебошад.
Дар содир намудани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 297 сокини вилоят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки 23 нафарашон занонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста