Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ корманди прокуратураи вилояти Суғд боздошт шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Ҳусейн Оқилов хабар дод.

Ба қавли номбурда, кормандони агентии зикршуда ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА прокурори яке аз шӯъбаҳои прокуратураи вилояти Суғд М.Б.-ро дастгир кардаанд.

«Айни замон нисбати ин ҳодиса чизи дигаре илова карда наметавонам, зеро то ҳанӯз тафтишот идома дорад», - зикр кард Ҳ.Оқилов.