Суди шаҳри Исфара шаҳрванди Қирғизистонро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба 14 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Исфара хабар доданд, чанде қабл мурофиаи судӣ нисбат ба шаҳрванди 46-солаи Қирғизистон Абдулҳаким Матиброҳимов ба анҷом расидааст.
Суд шаҳрванди Қирғизистонро ба содир намудани ҷиноятҳо тибқи моддаҳои 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар), 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба содир намудани ҷиноят) ва 289, қ 2 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 14 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум намуд.
Ба иттилои манбаъ, Матиброҳимов моҳи октябри соли гузашта дар қаламрави деҳоти Лаккони ноҳияи Исфара боздошт шуда буд. Зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 20 кило маводи мухаддири героин дарёфт шуда буд. Боздоштшуда ният дошт, ки ин миқдор маводи мухаддирро ба Қирғизистон интиқол диҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста