Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов маълумот дар хусуси боздошти Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Фаридун Умаровро расман тасдиқ кард.
Ф.Саидов гуфт, Фаридун Умаров ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.
Имрӯз Ф.Саидов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки сардори шӯъбаи муббориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШКД-и ноҳияи Фархор Фаридун Умаров ба ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ҳафтаи гузашта ба фаъолияташон дар ин ноҳия хотима бахшида шуд, шомил буд. Ба ҳайати гурӯҳ ҳамчунин дигар афсарони баландрутбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони қаторӣ низ шомиланд.
«Айни замон Фаридун Умаров ба ҳабс гирифта шуда, айбнома ба ӯ алҳол пешниҳод нашудааст», - гуфт Саидов ва илова кард, ки «бародар барои амали бародари худ ҷавобгар нест, ба ҳар ҳол, тафтишот қазияро ҳамаҷониба рӯшан хоҳад кард».
Фаттоҳ Саидов таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб бидуни пуштибонии мансабдорони воломақом амал намекунанд.
Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар иттилоияи худ зикр карда буд, ки агентӣ чанде аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар роҳбарӣ ва пуштибонӣ аз гурӯҳҳои созмонёфтаи нашъаҷаллоб гумонбар дониста мешаванд, ошкор кардааст.
Ному насаби иштирокчиёни дигари гурӯҳро агентӣ дарҳол баён карда буд, вале ному насаби Фаридун Умаров расман имрӯз зимни нишасти хабарӣ зикр гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста