Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки собиқ вазири маорифи ҷумҳурӣ бо пешниҳоди агентии мазкур аз мансаб сабукдӯш карда шуд.
Ба гуфтаи вай, соҳаи маориф яке аз бахшҳои фасодзадатарини мамлакат боқӣ монда, соли гузашта дар ин бахш 80 ҷиноёти коррупсионӣ ошкор ва маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 2,3 млн. сомонӣ барқарор карда шудаанд.
Ф.Саидов таваҷҷуҳи журналистонро ба яке аз далели ошкоршуда дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба Вазорати маориф тобеъ аст, ҷалб намуд. «Дар ҷараёни тафтишот дар ин мактаб ошкор гардид, ки директор ва сармуҳосиб тавассути тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 380 ҳазор сомонӣ маблағҳоро азхуд кардаанд. Онҳо маблағро ба суратҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронида, сипас онҳор ба пули нақд табдил ва азхуд мекардаанд. Яъне пули кӯдакони ятимро азхуд мекарданд», - афзуд Саидов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста