Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти қазияи боздошти прокурор дар вилояти Суғд хабар дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, нисбат ба прокурори шӯъбаи назорати тафтишоти пешакии прокуратураи вилояти Суғд Меҳроҷ Бобоумаров мутобиқи моддаҳои 319, қ. 4 (Гирифтани пора), 320, қ. 2 (Додани пора) ва 345 қ. 3 (Монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
«Муайян карда шудааст, ки моҳи ноябри соли гузашта Меҳроҷ Бобоумаров ҳамчун шахси мансабдор дар назди бинои прокуратураи вилоятӣ бо шахсе вохӯрдааст, ки қаблан аз ҷониби суд барои содир намудани ҷиноят ба муддати 2 сол маҳкум шуда буд. Зимни вохӯрӣ прокурор огаҳ гаштааст, ки ҳамсӯҳбаташ аз болои ҳукми суд ба суди вилоятӣ шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданист. Аз ин рӯ, ӯ пешниҳод кардааст, ки ба ивази 2,5 ҳазор доллари ИМА «масъала»-ро ба таври мусбат ҳал месозад», - гуфтанд дар агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, пас аз чанд рӯз Бобоумаров маблағи зикршударо гирифтааст, вале 14-уми декабр бо қарори суди вилоятӣ ҳукми суд нисбат ба шаҳрванд бетағйир боқӣ гузошта шуда, шикояти кассатсионӣ қонеъ нагардидааст.
«Ба Бобоумаров лозим омад, ки 2,5 ҳазор доллари ИМА-ро бозпас баргардонад, вале баъди як моҳ ӯ бори дигар пешниҳод кардааст, ки бо ҳамин маблағ «ин дафъа масъаларо ҳатман ба таври мусбат ҳаллу фасл мекунад», - гуфт манбаъ.
Кормандони Агентии зиддифасоди вилояти Суғд Бобоумаровро ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллари ИМА ба сифат пора бо далели шайъӣ дастгир намуданд. Тафтишоти парвандаи мазкур идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста