Чанде қабл кормандони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Вазорати умури дохилии ҶТ як миқдор маводи мухаддирро кашф ва мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баргузор намудани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони даст доштан дар мумилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Тоҷикистон И.У. боздошт шудааст. «Ҳангоми кофтукови шахсии ӯ 2 кило маводи мухадири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира гардид», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, минбаъд зимни кофтукови манзили зисти боздоштшуда боз ҳудуди 2 килои дигар героин дарёфт ва мусодира шудааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Соли равон кормандони тамоми воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 110 кило маводи мухаддир мусодира карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста