Дар шӯъбаи мубориза бо коррупсия дар нақлиёти вилояти Хатлон нисбат ба муовини директори филиали муассисаи давлатии «Маркази таълим барои калонсолон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Ташриф Хоҷаев парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши шӯъбаи назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нақлиёти вилояти Хатлон Қаҳҳор Саидов хабар дод, чанд рӯз қабл ба шӯъба аз номи сокини ноҳияи Бохтар Баҳодур Муродов ариза ворид шудааст. Дар ариза сокини ноҳияи Бохтар изҳор кардааст, ки ҳарчанд ӯ дар ин марказ таълим нагирифта бошад ҳам, Хоҷаев ба ивази 50 сомонӣ ба ӯ дипломи қалбакӣ бо ихтисоси «устои барқ»-ро додааст.
«Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи кории Хоҷаев маблағи пулӣ дар ҳаҷми 50 сомонӣ, ки ӯ барои «хизмат»-аш гирифта буд ва боз 130 сомонӣ маблағи пардохти расмӣ барои курси таълимӣ дарёфт карда шуд», - гуфт муфаттиш.
Ба гуфтаи вай, пас аз анҷоми азназаргузаронии утоқи кории муовини директор ва тартиб додани санади дахлдор, директори марказ Ҷумъахон Сониев бар асари бемории сактаи дил дар утоқи кории худ ба ҳалокат расидааст.
«Парвандаи ҷиноии бозшуда нисбат ба муовини директори филиал тибқи моддаи 323 (тақаллубкории хизматӣ)-и КҶ ҶТ ба роҳбари муассиса дахл надошт», - таъкид кард Қ.Саидов.
Айни замон мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба далели марги Ҷ.Сониев санҷиши прокурорӣ мегузаронанд.
Аз Т.Хоҷаев дар бораи тарк накардани макони зист замонати хаттӣ гирифта шуда, тафтишоти пешакии қазияи мазкур идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста