Дар шаҳри Душанбе як хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ бо маводи мухаддир дастгир шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти интизомии кишвар хабар доданд, рӯзи 31-уми соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир старшинаи нерӯҳои марзбонии кишвар дар посгоҳи сарҳадбонии самти ноҳияи Фархори марзи Тоҷикистону Афғонистон Д.Д.-и 22-сола боздошт шуд.

«Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда ҳудуди 5,5 кило маводи мухаддири ҳашиш ва беш аз 1 кило афюн дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар мақомот.

Гумонбаршуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ шуда, пас аз чанде ба ӯ айбнома пешниҳод хоҳад гардид. Тафтишоти далели мазкур идома дорад.