Мақомоти додситонии вилояти Суғд санҷиши далелҳои марбут ба коррупсия миёни афроди масъул ба ташкили адои маросими ҳаҷро оғоз намуд.
Санҷиш бар асоси мактуби ҳуқушинос Истадмурод Акрамов дар бораи фаъолияти коррупсионии як зумра мансабдорони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар ташкили маросими ҳаҷ, ки дар ҳафтавори «Азия-Плюс» аз 12 январи соли равон чоп шуда буд, гузаронида мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари додситони вилояти Суғд Донохон Ҷӯраева хабар дод.
Ӯ маълумот дар бораи ҷиҳати санҷиш ба додситонии вилояти Суғд фиристодани мактуби ҳуқуқшинос бо дархост таҳти имзои шахсии додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзодаро рад кард.
«Мо вазифадорем, ки бо маводи ВАО, ки ба фаъолияти ин ё он соҳа дар вилояти Суғд дахл доранд, шинос шавем, - иброз дошт вай. – Аз Додситонии кулл ба мо дар ин хусус ҳеҷ супориши махсусе нарасидааст. Пас аз шиносоӣ бо мавод мо ба мақомоти раҳбариамон муроҷиат кардем ва маводи мазкур ҷиҳати санҷиш ба кормандони дахлдор супурда шуд».
Ба гуфтаи ӯ, санҷиш санаи 30-юми январ оғоз гардида, дар бораи натиҷаҳоои он баъдтар маълумот дода хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ доданд, ки далелҳои зикршуда дар мактуби ҳуқуқшинос роҷеъ ба коррупсия ҷой доранд, вале аллакай мақомоти додситонӣ ба санҷиши он машғул аст.
«Мо танҳо пас аз пешниҳоди хулосаи додситонӣ дар ин хусус, метавонем ба санҷиши он сарукор гирем», - гуфтанд дар агентии мазкур.
Ёдрас мекунем, ки дар шумораи №3-и ҳафтавори «Азия-Плюс» мактуби ҳуқуқшинос, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Истадмурод Акрамов ба табъ расида буд. Дар мактуб Акрамов, ки худ соли равон маросими ҳаҷро адо намуд, дар бораи ҷой доштани содир гардидани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби як зумра мансабдорон зимни ташкили маросими адои ҳаҷ изҳори назар карда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста