Номи аъзои гурӯҳи қочоқбарони маводи нашъаовар, ки дар таърихи 10-уми январи соли равон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шуда буданд, ифшо гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни амалиёти махсус Маҳмадулло Маҷидов, мулаққаб ба «Меҳрубон», писари генерал-майори милиса, сардори воҳиди махсуси БДА-и ҷумҳурӣ Ҳабибулло Маҷидов, писари ронандаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Хуршед Раҳимов ва сержанти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Зиёвуддин Шарифов боздошт шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ба чаҳор нафари боқимондаи аъзои гурӯҳ муяссар шудааст, ки аз ҷойи содир намудани ҷиноят паноҳ баранд ва яке аз онҳо Нурулло Одинаев, писари генерал-майори мустаъфӣ Ҳикматулло Одинаев аст. Онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов маълумот дар хусуси боздошти Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Фаридун Умаровро расман тасдиқ кард. Ф.Саидов гуфт, Фаридун Умаров ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.
Ба гуфтаи Ф.Саидов, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШКД-и ноҳияи Фархор Фаридун Умаров ба ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ҳафтаи гузашта ба фаъолияташон дар ин ноҳия хотима бахшида шуд, шомил буд. Ба ҳайати гурӯҳ ҳамчунин дигар афсарони баландрутбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони қаторӣ низ шомиланд.
Фаттоҳ Саидов таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб бидуни пуштибонии мансабдорони воломақом амал намекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста