- Дар робита ба афзоиши ҳодисаҳои қонуншиканӣ миёни кормандони милиса таҳти сарварии вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов машварати фаврӣ доир гашт, - хабар доданд аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.
«Танҳо дар моҳи аввали соли равон 8 нафар кормандони милиса барои содир намудани 9 ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуданд, ки ба шаъну эътибори корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар доғ меорад. Ба ин кор ҳамчунин аз ҷониби мақомоти раҳбарии шӯъбаҳо ва воҳидҳои дахлдори ВКД иҷро нагардидани вазифаҳои мансабӣ низ боис гардид», - гуфт дар ҷараёни машврат вазири корҳои дохилӣ.
Дар робита ба ҷой доштани мушкилоти мазкур вазир ба сардорони РКД-и шаҳри Душанбе, Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, Шӯъбаи сабти раводид ва бақайдгирӣ, Раёсати БДА ва воҳидҳои фаврӣ супориш дод, ки фаъолияти кормандони милисаи воҳидҳои тобеи худро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Барои роҳ додан ба камбудиҳо як зумра кормандони воҳидҳои Раёсати мубориза бо маводи нашъаовар ва шӯъбаи корҳои дохилии пойтахт аз мансаб сабукдӯш гардиданд.
Аз ҷумла, сардори шӯъбаи мубориза бо маводи нашъаовари ШКД-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, капитани милиса Илҳом Файзов ва се корманди фаврии ин шӯъба – лейтенантҳои милиса Хуршед Бобоев ва Исмоил Исмоилов ва ҳамчунин каитани милиса Шариф Саидов барои латукӯби гумонбаршуда дар содир намудани ҷиноят аз вазифа озод карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар машварат масъалаи ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти Шӯъбаи сабти раводид ва бақайдгирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои додани шиносномаҳои қалбакии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ сардори шӯъбаи сабти раводид ва бақайдгирии шаҳри Турсунзода, капитани милиса Меҳрубон Бозоров, кормандони шӯъбаи мазкур дар шаҳри Кӯлоб Гулсара Демпанаева ва Панҷшанбе Давлатов аз мансаб сабукдӯш гардиданд. Боз як қатор кормандони ин шӯъбаҳо ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Дар машварат ба далелҳои ҷой доштани амалҳои коррупсионӣ миёни кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Барои ба шахси ноболиғ додани ҳуҷҷати ронандагӣ ҷиҳати ҳамлу нақли мусофирон сарнозири шӯъбаи бақайдгирӣ ва имтиҳоноти Раёсати БДА, подполковники милиса Умаралӣ Шарофов аз вазифа озод карда шуд. Ҳамчун ин як зумра кормандони Раёсати БДА ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб гардида, ба мақомоти раҳбарии раёсат ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо муҳлат дода шуд.
Ғайр аз ин, барои камбудиҳои роҳдода ба сардори ниҳоди «Воҳиди махсус» Ҳабибулло Маҷидов, ки таъмини бехатарии ҳаракати воистаҳои нақлиёти ҳайатҳои воломақоми кишварҳои хориҷиро таъмин мекунад, огоҳинома эълон шуд. «Вазир ба ӯ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо муҳлати муайян дод ва дар сурати ислоҳ накардани камбудиҳо, ӯ аз вазифа озод карда хоҳад шуд», - афзуданд дар ВКД.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста