Адвокатҳои оилаи Исмон Бобоев, ки ду сол қабл зимни бозпурсӣ дар Раёсати минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд ба ҳалокат расид, ба Суди конститутсионии Тоҷикистон дархост ирсол намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳо Сергей Романов хабар дод, то ҳанӯз ба намояндаи ҷониби ҷабрдида, падари марҳум Ҷӯрабой Бобоев имкон дода нашудааст, ки дар ҷараёни тафтишот иштирок кунад ва бо маводи парванда шинос шавад. «Ба ин ҳолат мавҷудияти меъёри қонунгузорӣ, ки то анҷоми тафтишоти пешакӣ ба ҷабрдида ё намояндаи он шинос шудан бо маводи парвандаро манъ месозад, асос шудааст», - гуфт вай.
Адвокатҳои оилаи Исмон Бобоев ҳамчунин дархост мекунанд, ки аз рӯйи ин ҳодиса истеҳсолоти конститутсионӣ низ татбиқ карда шавад.
Ба гуфтаи Романов, ба падари ҳалокшуда ва адвокатҳо дар муддти ду сол имкон дода нашудааст, ки маводи парвандаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
«Ба ҷуз дархости мазкур, мо чандин маротиба ба Прокуратураи генералӣ бо талаби бекор кардани қарор дар бораи боздошти баррасии парванда ва идомаи амалии тафтишоти он бо қабули қарори қонунӣ аз рӯйи парвандаи ҷиноии мазкур муроҷиат кардем. Аммо то ҳанӯз қарори мазкур бекор нагардида, ба ҷониби ҷабрдида дар бораи вазъи саломатии гумонбаршудагон, ки бояд ба барқарор шудани тафтишот асос гардад, ҳеҷ маълумоте пешниҳод нашудааст», - мегӯяд адвокат.
Исмон Бобоев рӯзи 19-уми феврали соли 2010 аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории созмонёфтаи вилояти Суғд Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров боздошт шуда, ба бинои раёсат оварда мешавад ва зимни бозпурсӣ ба ҳалокат мерасад. Хешовандони марҳум мегӯянд, ӯ бар асари шиканҷа ва истифодаи усулҳои ғайриқонунии бозпурсӣ ба ҳалокат расидааст.
Дар таърихи 25-уми марти соли 2010 дар прокуратураи вилояти Суғд оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки кормандони дар боло зикршудаи раёсат гумонбаршудагони асосӣ дар он мебошанд. Аммо 25-уми июни соли 2010 бинобар сабаби бемории гумонбаршудагон баррасии парвандаи мазкур боздошта шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста