Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ фаъолияти як гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба қочоқи маводи нашъаоварро қатъ сохтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни амалиёти махсус дар деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аъзои як гурӯҳи ҷиноятпешаи иборат аз чор нафари синнусоли аз 28 то 46-сола боздошт шудаанд.
«Амалиёт муддати ду рӯз идома ёфта, аввал аз ду нафар аъзои гурӯҳ 4 килову 550 грамм ҳашиш ва рӯзи дигар аз ду нафари боқимонда, аз ҷумла саркардаи гурӯҳ боз 4 килову 520 грамм маводи мухаддири ҳашиш мусодира карда шуд», - гуфтанд дар ВКД,
Ҳамин тариқ, 4 нафар боздошт ва ҳудуди 10 кило маводи нашъаовар мусодира карда шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон кормандони вазорат аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 200 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста