Дар минтақаи шарқи кишвар шаҳрвандон акнун баҳсҳо ва мухолифатҳои пайдошудаи шахсиро бештар дар чаҳорчӯби қонун ҳал мекунанд.
Тавре иҷрочии суди ноҳияи Тоҷикобод Олимҷон Назриев арз намуд, ахиран афзоиши шумори муроҷиати шаҳрвандон ба суд оид ба баҳсу мухолифатҳо миёни аҳолӣ ба мушоҳида мерасад.
Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи мушоҳидаҳо солҳои пештар низ чунин воқеаҳо кам набуданд, вале вобаста ба чунин шикоятҳо соли гузашта ҳамаги 13 ариза ворид гардида, муддати ду моҳи соли равон бошад, суди ноҳия алаккай 7 шикояти шаҳрвандонро баррасӣ намудааст, ки ба ҷанҷолхои байниҳамӣ марбут аст.
«Аз як тараф, агар ин гувоҳи афзудани эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад, аз ҷониби дигар, шаҳрвандон акнун дар ҳама ҳолат ҳуқуқҳои худро ҳимоя кардан мехоҳанд», - гуфт вай.
Номбурда зикр кард, ки яке аз ҳодисаҳои ба ин монанд ҳафтаи гузашта дар суди ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сокини рустои Баҳори ҷамоати Лангари Шох бар асари як муноқишаи оддӣ, ба хашм омада, ҳамдеҳаи худро латкӯб мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардошта, аз болои ҳамдеҳаи худ ба суд шикоят бурд.
«Суди ноҳияи Тоҷикобод ҷанҷоли байни ҳамдеҳагонро баррасӣ намуда, барои зарари миёнаи ҷисмонӣ расонидан айбдоршавандаро тибқи моддаи 111, қисми 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ ба муҳлати 1 сол бо ҷалб намудан ба корҳои ислоҳотӣ маҳкум намуд», - афзуд Назриев.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста