Сокини 17-солаи ноҳияи Тоҷикобод Олимбек Одилов барои аксбардории урёни духтари ноболиғ ба зиндон маҳкум гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди ноҳия Даврон Абдураҳимов хабар дод, судшаванда духтари ноболиғеро бо роҳи фиреб ба хонаи худ оварда, бо роҳи зӯриву таҳдид бадани урёни ӯро дар телефони ҳамроҳаш аксбардорӣ намудааст.
Аксҳои дар ҳолатхои гуногун сабтшударо ӯ дар хотираи телефон нигоҳдорӣ кардааст. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ О.Одилов ин амали худро «рафтори беақлона» унвон кард.
Бо ҳалномаи суд Одилов мутобиқи моддаҳои 87 (Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда мешаванд) ва 139 (Ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) –и КҶ ҶТ ба муҳлати 3,5 соли зиндон маҳкум гардид.
Ба гуфтаи судя, дар чунин ҳолатҳо аз маҳкумшуда ҳамчунин ҷуброни маънавӣ талаб мекунанд, вале бо назардошти маҳрамияти ин қазия ва таъсири манфии минбаъдаи он ба ҳаёти духтари ноболиғ, волидон танҳо ба ҳабси ҷавобгар қаноат намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста