Кормандони Хадамоти гумруки вилояти Суғд аз кӯшиши қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки вилояти Суғд хабар доданд, сокини ноҳияи Исфара беш аз 15 кило маводи сахттаъсири героинро ба вилояти Свердловски Русия интиқол доданӣ буд.
«Ҳангоми бор кардани бор ба вагонҳо дар истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд кормандони хадамоти гумрук дар дохили 22 халтаи хушкмева 15 килову 165 грамм маводи мухаддири героинро дарёфт ва мусодира карданд», - гуфтанд дар раёсат.
Ба иитилои манбаъ, халтаҳои хушкмева ба сокини 36-солаи ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара Х.К. тааллуқ дошта, айни замон ҷиҳати боздошти ӯ чораҳо андешида мешаванд.
«Аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаҳои 289, қ. 2 (Қочоқ, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани воситаҳои нашъадор) ва 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд», - афзуд манбаъ.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар зарфи 2 моҳи соли равон аз ҷониби тамоми сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 93 кило (ҳамин давраи соли 2011 – 86 кило) маводи мухаддир мусодира шудааст, ки зиёда аз 11 килои он героин ва боқимондаро ҳашиш ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста