Дар минтақаи ҷануби кишвар кормандони милиса миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи ВАЗ-21099 таҳти идораи сокини маҳаллӣ боздошт мегардад.
«Ҳангоми азназаргузаронии автомобил аз зери курсии ронанда як бастаи селлофанӣ пайдо гардида, аз дохили он ҳудуди 2,5 кило маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст», - гуфтанд дар вазорат.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни азназаргузаронии минбаъдаи манзили зисти ин шаҳрванд аз он ҷо боз ҳудуди 11 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.
Зикр гардид, ки вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда 13,3 килоро ташкил дода, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва корҳои тафтишотӣ идома доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста