Раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия- Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, раиси хоҷагии деҳқонии «Фирдавс»-и ҷамоати Навгилем, сокини 34-солаи ҳамин ҷамоат Абдурашид Ашӯрбоев бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ аз сокини маҳаллӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ришва талаб кардааст.
«Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии сокини маҳаллӣ З.И. даромада, ба ӯ ваъда кардааст, ки аз заминҳои мавҷуда дар хоҷагӣ ба вай замин ҷудо мекунад ва ба ивази ин аз сокини маҳаллӣ 2 ҳазору 900 сомонӣ ва 30 ҳазор рублӣ русӣ маблағ гирифтааст», - гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 2 апрел дар прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба ин амали А.Ашӯрбоев мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати зиддифасоди вилояти Суғд, соли 2011 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 108 далели қаллобӣ (соли 2010 – 45 далел) ба қайд гирифта шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста