Раёсати молияи шаҳри Қӯрғонтеппа бо дархости ба тавозуни онҳо ё Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гузаронидани ҳавопаймоҳои мусодирашудаи ширкати Rolkan Investments Ltd расман ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ муроҷиат кард.
Ҳавопаймоҳои мусодирашуда зиёда аз як сол аст, ки дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа қарор доранд.
Ёдрас мекунем, ки 8-уми ноябри соли гузашта додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments LTD, шаҳрвандони Русияву Эстония Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарду ҳавопаймо ва муҳаррики ҳавопаймо ба фоидаи давлат мусодира шуданд.
Дар таърихи 22-юми ноябр суди вилояти Хатлон бо тартиби кассатсионӣ ҳукмро бознигарӣ намуда, онро то мӯҳлати 2 солу 6 моҳ кам кард ва бо истифода аз қонуни афв ва ба инобат гирифтани муддати дар зиндон будани халабонон, онҳоро аз толори додгоҳ озод кард. Қарори додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бобати мусодираи ҳавопаймоҳо бетағйир боқӣ гузошта шуда буд.
Аз Раёсати молияи шаҳри Қӯрғонтеппа ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки онҳо умедворанд Вазорати молия масъаларо ба таври мусбат ҳал мекунад. «Ҳавопаймоҳо ба маъмурияти шаҳр лозим нестанд, зеро онҳоро истифода карда наметавонад. Ғайр аз ин, ҳукумати шаҳр онҳоро наметавонад бифурӯшад ё ба тавозуни ягон корхонае гузаронад. Аз ин рӯ, мо моҳи феврал бо дархости дахлдор ба унвони Вазорати молияи ҷумҳурӣ нома ирсол намудем, вале то ҳанӯз посух нагирифтаем», - зикр кард манбаъ.
Қаблан мақомоти раҳбарии ширкати Rolkan Investments LTD бозпас баргардонидани ҳавопаймоҳоро талаб карда буд. Роҳбари ширкат Сергей Полуянов дар шикоят ба суди Хатлон изҳор карда буд, ки ҳавопаймоҳо моликияти ширкат маҳсуб ёфта, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ дар сурати хилофи қонун рафтор накардани молики он, ба мусодираи он ҳуқуқ дода намешавад. Аммо суди вилояти Хатлон мактуби шикоятии мудири кулли ширкати Rolkan Investments LTD Сергей Полуяновро барои баррасӣ қабул накарда, онро бозпас фиристод, зеро дар он иштибоҳот ҷой доштанд.
Ҳамчунин суди вилояти Хатлон шикояти халабонони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments LTD Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро рад кард. Чуноне адвокати халабонон Ғулом Бобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, аз суди вилояти Хатлон нисбат ба шикояти халабонон оид ба бегуноҳ эътироф кардани онҳо посух гирифта шудааст, ки шикоят беасос буда, ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа дар чаҳорчӯби қонун содир шудааст.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста