Дар яке аз дорухонаҳои маркази шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон маблағи харидашро бо пули қалбакӣ (сохта) ҳисоббаробарӣ карданӣ шуда, пас аз ошкор шудани қалбакӣ будани пул ба сӯи фурӯшандаи дорухона аз таппончаи пневматикӣ тир холӣ намуда, таҳдид кардааст, ки тамоми маблағи хазинаро ба ӯ диҳанд.
Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба як манбаъ дар хадамоти матбуоти Сарраёсати умури дохилии шаҳри Маскав менависад, шомгоҳон, тахминан соатҳои 22:15 дакиқа ду нафар ба дорухонаи воқеъ дар кӯчаи Маросейка ворид гардида, яке аз онҳо маблағи харидро бо пули арзишаш 5 ҳазор рубл ҳисоббаробарӣ карданӣ мешавад, аммо фурӯшандаи дорухона қалбакӣ будани пулро ошкор месозад.
Пас аз ин онҳо бо таппончаи пневматикӣ ба суйи корманди дорухона тир холӣ намуда, талаб мекунанд, ки маблағи пулии хазинаро пурра ба онҳо диҳад. Сипас онҳо аз ҷои ҳодиса гурехтанӣ мешаванд, вале кормандони пулиси бо даъвати шоҳидон ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда, яке аз онҳоро боздошт мекунад. Боздоштшуда шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон будааст.
Бар асари ин ҳодиса корманди дорухона захмиву ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон мунтақил шудааст. Дар ҷойи ҳодиса таппончаи пневматикӣ дарёфт ва мусодира гардидааст. Масъалаи боз намудани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҳодиса мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, нафари дуюми дар ҷиноят дастдошта ҷустуҷӯ мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста