Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ноҳияи Фархор Фаридун Умаров, ки бародари муовини аввали Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансур Умаров аст, дар марҳилаи тафтишот қарор дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, Ф.Умаров аввали сол аз ҷониби ин ниҳод боздошт шуда, ҳамчунин як гурӯҳи ҷиноятпеша низ ошкор шуд, ки ба ҳайати он натанҳо шаҳрвандони қаторӣ, балки афсарони баландпояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ шомил буданд.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба Ф.Умаров мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Айни замон ӯ ба мисли дигар аъзои гуруҳи ҷиноятпешаи безараршуда ба ҳабс гирифта шудааст. Аз рӯи ин парванда маводи собиткунандаи айб ҷамъоварӣ мешавад», - таъкид карданд дар агентӣ.
Дар яке аз нишастҳои хабарӣ раиси Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор карда буд, ки «ҳеҷ яке аз гурууҳҳои қочоқбарони нашъа бидуни пуштибонии мансабдорони баландпоя амал намекунад».
Пас аз ҳабси Рустам Ҳаитов, пешвои гурӯҳи ҷиноятпешаи қочоқбари нашъа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи Умаров ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуданд, ки аз қочоқбарон пуштибонӣ мекарданд. Гуруҳи Ҳаитов маводи мухаддиррро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистону Қазоқистон ба Русия интиқол медод.
Муайян карда шуд, ки ба ин гуруҳ афсарони баландрутаби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Ф.Умаров низ шомил будаанд. Ғайр аз ин, дар ҷараёни тафтишот сардори шуъбаи Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии ВКД Тоҷикистон майори милиса Зафар Мирзоев ва сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии РКД шаҳри Душанбе подполковники милиса Тоҳирхон Шеров низ боздошт гардиданд.
Бино ба маълумоти Агентии зиддифасод, шахсони зикршуда ба ҷуз иштирок дар фаъолияти гуруҳи ҷиноятпеша, ҳамчунин бо ришваи зиёд афроди дар қочоқи маводи нашъаовар дастдоштаро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста