Як гурӯҳ ҳомиёни ҳуқуқи Русия бо дархости таваҷҷуҳ зоҳир сохтан ба аз ҷониби ҳукуматдорони Русия мунтазам риоя нашудани таъиноти Суди Аврупо оид ба истирдод ва ба ватан ғайриқонунӣ баргардонидани боздоштшудагон ба раиси Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Комиссар оид ба ҳуқуқи инсони Шӯрои Аврупо, Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо ва Кумита оид ба масоили ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон муроҷиат карданд.
Дар муроҷиати ҳомиёни ҳуқуқи Русия зикр мегардад, ки боздоштшудагони ба ватан фиристодашуда дар он ҷо мавриди рафтори ғайриқонунӣ қарор мегиранд. Чандин ҳодисаҳо пас аз содир шудани қарори суд оид ба парвандаҳо сурат гирифта, бо ариза муроҷиаткардагон минбаъд дар тавқифгоҳҳои муваққатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дарёфт шудаанд.
Онҳо дархост кардаанд, ки бояд ҳукуматдорони Русия ҳуқуқҳои нақзшудаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Савриддин Ҷӯраев, Сӯҳроб Қозиев, Низомхон Ҷӯраев ва Рустам Зоҳидовро, ки ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ғайриқонунӣ фиристода шудаанд, дубора барқарор намуда, онҳоро ба Русия баргардонанд. Зери муроҷиати мазкур 12 нафар ҳомиёни ҳуқуқи Русия имзо гузоштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста