Ҳайати мушовараи Суди Олии Тоҷикистон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ду нафар хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба анҷом расонид. Ҳарду ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, суди ҳарбии гарнизони Хатлон хизматчиёни ҳарбӣ – лейтенант Наҷибулло Носиров ва прпорик Диловар Даматови 22-соларо ро барои содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200 қисми 4 банди «д», яъне барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон, ки аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД дастгир гардида буданд, гунаҳкор донист ва нисбати Даматов Диловар ва Носиров Наҷибулло ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 14-солӣ, бо мусодираи молу мулк, бо нигоҳ доштан дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки Даматов Диловар ва Носиров Наҷибулло 31-уми январи соли равон барои нигаҳдорӣ ва интиқоли миқдори махсусан калони моддаи нашъадори навъи ҳашиш аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД дастгир гардида буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста