Дар вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноии собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов оғоз гардид.
Мурофиаи аввали судӣ рӯзи 19-уми ноябр таҳти раёсати судяи суди вилояти Хатлон Маҳмудҷон Ғуломов баргузор шуд.
Вакили мудофеи Наботов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, зерҳимояи ӯ мутобиқи моддаҳои 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ), 319 (Гирифтани пора), 314 (Суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ, 247 (Қаллобӣ) ва 358 (Боздошти ғайриқонунӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.
Вакили мудофеи айбдоршаванда таъкид кард, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ айбнома тибқи моддаи 200-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) нисбат ба зерҳимояи ӯ бинобар сабаби исботи худро наёфтан бекор гардид.
Дар таърихи 7-уми октябри соли 2011 мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба муовини сардори ШКД-и ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқоннии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов мутобиқи шаш моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.
Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки кормандони милиса бо мақсади минбаъд тамаъ кардани пора ба дохили автомашинаи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ маводи нашъаовар партофтанӣ шудаанд ва ин ҳодиса боиси боздошти онҳо шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста