Наздикони собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев дар озодӣ қарор доштани ӯро рад месозанд.
Бино ба иттилои як сарчашмаи ОИ «Азия-Плюс» аз шумули наздикони Н.Ҷӯраев, иттилои дар озодӣ қарор доштани ӯ асоси воқеӣ надорад, зеро дар акси ҳол онҳо аз ин огаҳ мегаштанд. Манбаъ мегӯяд, бо вакили мудофеи Ҷӯраев ҳамеша дар тамос аст ва ҳатман аз озодии ӯ хабардор мешуд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳори тааҷҷуб менамояд, ки чаро директори Агентии зиддифасод Фаттоҳ Саидов озодии Ҷӯраверо тасдиқ кардааст.
Хабарнигори хадамоти тоҷикии Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз, ки аввалин шуда аз озодии Ҷӯраев иттилоъ дод, тасдиқ менамояд, ки овози шахси тавассути телефон бо ӯ суҳбаткарда ба овози собиқ вакил монанд буд.
«Ман суханронии Ҷӯраевро тавассути телевизион тамошо кардам ва овози ӯро аз телефон шинохтам», - афзуд Искандари Фирӯз.
Дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори Би-Би-Сӣ Ҷӯраве изҳор карда буд, ки воқеан ҳам дар озодӣ аст, вале бинобар хавфи амнияти худ аз ифшои макони будубошаш худдорӣ меварзад. Дар ҳамин ҳол, Н.Ҷӯраев ҳамчунин дархост кард, ки алҳол ин қазия инъикос нагардад ва гӯё пас аз аз анҷоми тафтишот худӣ ӯ тамоми маълумоти заруриро пешниҳод менамояд.
Ба эътиқоди ҳомии ҳуқуқи тоҷик Шуҳрат Қудратов, моддаҳое, ки ба он Ҷӯраев айбдор карда мешавад, ҷазо дар шакли тарк накардани макони зистро пешбинӣ намекунанд. Тибқи ин моддаҳо ҷазои дар ҳабс нигоҳ доштан пешбинӣ мешавад.
Баъдтар хабаргузории Би-Би-Сӣ бо истинод ба роҳбарии Агентии зиддифасод Фаттоҳ Саидов хабар дод, ки айни замон ба Н.Ҷӯраев танҳо тибқи моддаи 289-и КҶ ҶТ (Қочоқ) айбнома пешниҳод шудааст.
Қаблан мутобиқи маълумоти мақомоти интизомии Тоҷикистон, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва собиқ директори генералии корхонаи кимиёвии «Кимиё»-и ноҳияи Исфара Низомхон Ҷӯраев гурӯҳи ҷиноятпешае созмон дода, ки аъзои он ба қатли муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Толиб Бобоев дар соли 1999 даст доранд. Онҳо ҳамчунин ба бандитизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа, гирифтани маблағҳои пулӣ бо роҳи ҷиноят ва ғайра айбдор карда мешаванд.
Моҳи июни соли 2009 Суди олии Тоҷикистон беш аз 30 тан аз аъзои гурӯҳро ба муддати аз 10 то 25 соли зиндон маҳкум кард. Худи Ҷӯраевро бошад, ҳукумат ба пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон кард.




Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Ҳавои моҳи январ дар Тоҷикистон камбориш ва нисбатан гарм пешбинӣ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста