Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ кормандони милиса беш аз 30 кило маводи мухаддир дарёфт намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми аз назаргузаронии таги купрӯки роҳи мошингарди Кӯлоб-Шуробод-Қалаи-Хумб, воқеъ дар мавзеи Қалоти маҳсуми Шакур, 2-адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори бангдона вазни умумиашон 30 кг. 150-грамм буд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.
«Аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки маводи мухаддири дарёфтшуда ба сокинони Кӯлоб Фирӯз Назарови 27-сола ва Ҳасан Шамсиддинови 34-сола тааллуқ дорад», - гуфтанд дар ВКД.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршудагон дастгир гардида, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста