Дар деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ се нафар гумонбарони навбатӣ ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, нисбат ба хатмкардаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Аслиидин Наврӯзови 23-сола, Нуриддини Исохонови 22-сола ва Зилмурод Ишохонови 39-сола, ки тибқи фарзияи тафтишот амири ҲИӮ дар қаламрави ноҳияи Қубодиён аст, ба гумони даст доштан дар созмон додани гуруҳи ҷиноятпеша ва ташкили фаъолияти ташкилоти ифротгаро парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта барои даст доштан дар содир намудани чунин ҷиноятҳо як сокини ҳамин деҳа Бахтиёр Умаров ба муддати 10 соли зиндон маҳкум шуд.
Хотиррасон менамоем, ки ахири моҳи феврали соли равон боз ду сокинони ноҳияи Қубодиён – Акмал Рашидов ва Иброҳим Қурбонов низ ба узвият дар ҲИӮ гунаҳор дониста шуда, мутаносибан ба муддати 9 ва 8,5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста