Дар фурудгоҳи Душанбе кормандони хадамоти гумрук аз кӯшиши интиқоли миқдори рекордии маводи мухаддири синтетикии «метамфетамин» ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумрук хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта зимни азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Алмаато ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудааст.

«Аз бағочи ӯ ба миқдори беш аз 67 кило маводи мухаддири синтетикии «метамфетамин» дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар хадамот.

Ба иттилои манбаъ, дар бозори пасипардагӣ арзиши ин миқдор маводи мухаддири мусодирашуда то ба 6 млн. доллари ИМА мерасад.

«Боздоштшуда ният доштааст, ки ин миқдор маводи мухаддирро тавассути Қазоқистон ба Малайзия интиқол диҳад», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Яке аз ҳаммаслакони гумонбаршуда – шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Метамфетамин дар қатори кокаину кофеин ба маводи мухаддири навъи такондиҳандаҳо мансуб буда, ба асаб ва ҷисми инсон таъсири шадид мегузорад.