Зимни ду амалиёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ноҳияи наздисарҳадии Ҳамадонӣ 107 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ зимни амалиёт дар деҳаи Комсомоли ноҳияи Ҳамадонӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Афғонистон боздошт шуданд.
Ҳангоми кофтуков аз борхалтаи онҳо 46 бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ба миқдори махсусан калон, яъне 42 кг ҷой дошт, дарёфт ва мусодира гардид.
Ҳамчунин зимни амалиёт дар деҳаи Сайроби ҳамин ноҳия кормандони милиса шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 37 килою 755 грамм маводи сахттаъсири «героин», 16 килою 300 грамм маводи нашъадори «афюн», 10 киллою 695 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва 3752-дона таблеткаҳои психотропии «МДМА» дар вазни 880 грамм, ки ҳамагӣ ҷамъ дар умум 65 килою 630 грамм маводи мухаддирро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста