Корманди намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон Малика Малки, ки дар қазияи латукӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст дорад, рӯзҳои наздик ҷумҳуриро тарк хоҳад гуфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо хабар доданд, зимни баррасии ҳодиса тасмим гирифта шудааст, ки шаҳрвандони Фаронса Малика Малкии 41-сола ва ҳамсари 40 солаи ӯ Ҷалол Каззу аз Тоҷикистон хориҷ карда шаванд.
«Ҷалол Каззу, ки мақоми дипломатӣ надошт, аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ гардида, ҳамсари ӯ – корманди намояндагии Комиссияи Аврупо рӯзҳои наздик Тоҷикистонро тарк мекунад», - гуфтанд дар намояндагӣ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 4-уми июн ду нафар шаҳрвандони Фаронса Малика Малкии 41-сола ва ҳамсари 40-солаи ӯ Ҷалол дар ҳолати сархушӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро мавриди лату кӯб қарор дода буданд. Ин ҳодиса дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба вуқӯъ пайваст.
Рӯзи дигар ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи тафсилоти ҳодиса бо иштироки шаҳрвандони Фаронса ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз Вазорати корҳои дохилии кишвар мактуб расид.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ қаблан хабар дода буданд, ки мактуби Вазорати корҳои дохилӣ ва маводи мансуб ба ин ҳодиса баҳри ҳаллу фасли минбаъда ба намояндагии Комиссияи Аврупо пешниҳод мешаванд.
«Яке аз иштирокчиёни ҳодиса мақоми дипломатӣ дорад ва аз ин рӯ, ин ҳолатро намояндагии Комиссияи Аврупо мустақилона баррасӣ мекунад», - изҳор дошта буданд дар ВКХ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста