Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидани судяи Суди олӣ Нур Нуров розигӣ дод. Ин қарор рӯзи гузашта дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул шуд.
Ба ҷавобгарӣ кашидани судя Н.Нуров ва дар сурати зарурат ба ҳабс гирифтани ӯро Прокурори генералии Тоҷикистон дархост кард.
Тавре қаблан радиои «Озодӣ» хабар дода буд, Нуров ба сифати шоҳид аз рӯйи «парвандаи исфарагиҳо» ҷиҳати бозпурсӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия даъват шуда буд.
Нур Нуров таҷрибаи 30-солаи корӣ дошта, аз моҳи июли соли 2008 то моҳи июни соли 2009 дар мурофиаи баррасии парвандаи 33 нафар сокинони Исфара иштирок карда буд. Онҳо тибқи парвандаи собиқ директори корхонаи кимиёи Исфара ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд.
Пас аз эълони ҳукм нисбат ба 33 нафар сокинони Исфара собиқ прокурори генералии ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов ба он эътироз оварда, ин қарорро ноҳақу нодуруст унвон карда буд. Ин қазия ба таври густарда дар васоити ахбори умуми ватанӣ ва хориҷӣ инъикос гардида, ҳатто се нафар судяҳо, аз ҷумла Нур Нуров низ гӯё барои таҳрифомез инъикос кардани қазия нисбати як қатор нашрияҳо даъво ва дар ҳаҷми 5 млн. сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб карданд.
Акнун пас аз бозгашти Низомхон Ҷӯраев ба ватан тафтишоти парванда дубора барқарор шуда, дар он ҳолатҳои нав пайдо шуданд. Аз ҷумла, моҳи ахир дар робита ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев ва 33 нафар сокинони Исфара собиқ корманди прокуратура ба ҳабс гирифта шуд. Истеъфои прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Эмом Ғойибов ва ёвари прокурори вилояти Суғд Очил Одиловро низ ба ин парванда рабт медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста