Суди шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллӣ Иззатулло Сафаровро ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард .
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси суди шаҳр Саидҷаъфар Юлдошев хабар дод, суд ҳамчунин дар бораи мусодираи амволи маҳкумшуда ба фоидаи давлат қарор қабул кард. Ба гуфтаи ӯ, И.Сафаров дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) гунаҳкор дониста шудааст.
«Дар мурофиаи судӣ исбот гардид, ки Сафаров бо мақсади фурӯш дар маҷмӯъ ҳудуди 7,5 кило маводи мухаддир дастрас карда, ҳангоми фурӯши 332 грамми он ба яке аз сокинони шаҳри Кӯлоб бо далели шайъӣ дастгир карда шуд», - гуфт номбурда.
Бино ба маълумоти манбаъ, соли равон суди шаҳри Кӯлоб 32 адад парвандаи ҷиноии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ ва нисбат ба онҳо ҳукм содир кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста