Субҳи имрӯз кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе ду нафар сокинони пойтахтро ба гумони даст доштан ба ғорати мусаллаҳонаи корманди яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт боздошт намуданд. Ин ҳодиса рӯзи 11-уми июни соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи мӯътамад аз ВКД хабар дод, айни замон ду нафар сокинони 30 ва 35-солаи пойтахт боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда, ҳаммаслаки онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 11-уми июни соли равон шаҳрвандон ду нафар кормандони яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ҳангоми аз манзили истиқоматиашон баромадан, дучори ҳуҷуми роҳзанона гардиданд.
Ду нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш тахмин меравад, ки бо яроқи пневматикӣ ба онҳо ҳуҷум намуда, сумкаи варзишӣ, ки дар дохилаш 90 000 доллар ИМА буд, тасарруф намуда, дар автомашинаи тамғаи «Тойота-Марк» ба самти маҳаллаи Зарафшон раҳсипор шуданд.
Онҳо дар роҳ аз яроқи пневматикӣ тир кушода, автомашинаи мазкурро назди бинои 29, воқеъ дар маҳаллаи номбурда мепартоянд ва баъдан бо зӯрӣ автомашинаи тамғаи «Нексия»-и шаҳрванд А. Мустафоро аз худ мекунанд ва дар он савор шуда, ба самти ноҳияи Ҳисор ғайб мезананд. Ҳамон рӯз соатҳои 16-10 автомашинаи мазкур дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ёфт гардид.
Тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба ин ҳодисаро вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимо таҳти назорати шахсӣ қарор дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста