Дар вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар парвариши рустаниҳои нашъаовар нисбат ба ду нафар сокинони ноҳияи Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти «Кӯкнор-2012» дар мавзеи Шохначи ҷамоати Фороби ноҳияи Панҷакент дар майдони ҳудуди 0,01 гектар беш аз 5 ҳазор адад ниҳоли бангдонаи ҳиндӣ дарёфт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба парвариши ин рустании нашъаовар ду нафар сокинони 32 ва 23-солаи ин ҷамоат машғул будаанд.
«Айни замон аз рӯйи ин далел нисбат ба гумонбаршудагон мутобиқи моддаи 204, қ. 4-и КҶ ҶТ (Парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», - гуфтанд дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.
Ёдрас мекунем, ки амалиёти «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд 20-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, шурӯъ аз оғози амалиёт то имрӯз дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 млн. адад ниҳоли бангдона дарёфт ва нобуд карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста